МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО СОҲИБКОРОНУ РОҲБАРОНИ ТАШКИЛОТҲОИ ҶАМЪИЯТИИ ТОҶИКОНИ МУҚИМИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

13 феврал, дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳу-рии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи намояндагони мақомоти давлатӣ бо роҳбарии узви Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҲХДТ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба Федератсияи Россия сафар намуданд.

Раиси   вилояти   Хатлон   Давлаталӣ Саид ва Сафири Тоҷи-кистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар шаҳри Москва бо соҳибкорону роҳбарони ташкилотҳои ҷамъия-тии  тоҷикони  муқимии  Федератсияи Россия мулоқот анҷом дода,ҷиҳати  рушди   иқтисодиву  иҷтимоӣ ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят муколама намуданд.
 

Ҳадафи дигари мулоқот гузаронидани суҳбати озод, муколамаи судманд ва бохабар шудан аз ҳолату вазъи имрӯзаи ҳамватанони бурунмарзӣ арзёбӣ гардид. Боиси хушнудист, ки айни ҳол муносибати дуҷонибаи стратегии Тоҷикистону Россия бомуваффақият густариш меёбанд ва мулоқотҳои мунтазами сарони ду кишвар барои таҳкими бештари ҳамкорӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
 

Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ зикр намуд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2023 бо азму талоши сокинони мамлакат иқдому ташаббусҳои созанда вусъати бесобиқа касб карда, мардуми сарбаланди мо ба хотири боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани биҳиштосои худ сарҷамъу аҳлона ва беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашида, ба дастовардҳои бузург ноил гардиданд. Умуман дар соли 2023 суръати баланди рушд баробар ба 8,3% таъмин гардид.
 

- Боиси тазаккур аст, ки дар ҳошияи ҷашнҳои бузурги миллӣ, аз ҷумла таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ хурду бузурги кишвар бо ҳисси баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва дастгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат барои ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи Ватани азиз, бунёди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолию хизматрасонӣ, сохтмон ва таъмири роҳҳои автомобилӣ,  пулу  нақбҳо,  садҳомуассисаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш ва дар ин замина таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳмгузорӣ намуда истодаанд,-баён дошт раиси вилоят.
Соҳибкорони тоҷики му-қимии Россия дар мулоқот ҳадаф гузоштанд, ки барои сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ, роҳҳои маҳаллӣ, иншооти иҷтимоӣ, махсусан мактабҳо ва боғчаҳои кӯдаконаи хусусӣ саҳмгузорӣ менамоянд.

 

Раиси вилоят ҳам ёдовар шуд, ки дар Паёмҳои Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ва вохӯриву мулоқотҳои Сарвари давлат масъалаҳои рушди бахши хусусӣ, беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармоя мавзӯъҳои меҳварӣ ба шумор мераванд. Дар кишвар заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳибкорию сармоягузорӣ ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ аст.
 

Дар мулоқот гуфта шуд, ки ҳиссаи вилоят дар маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакат 52 фоизро ташкил мекунад. Аз ҷумла, 65,1 фоизи ғалладона, 69,4 фоизи пахта, 59,6 фоизи сабзавот, 78,8 фоизи полизиҳо, 48,7 фоизи меваҷот, 40,5 фоизи ангур, 56,7 фоизи гӯшт, 50,8 фоизи шир ва 75,3 фоизи ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ дар вилояти Хатлон истеҳсол гардидааст.
Ҳамасола дар вилоят зиёда аз 300 ҳазор тонна пахта, 2,5 миллион тонна меваю сабзавот, аз ҷумла 500 ҳазор тонна пиёзи барвақтӣ, ангур ва зироатҳои полезӣ, инчунин беш аз 1 миллион адад пӯсти моли калону майда ва 6 ҳазор тонна пашм истеҳсол карда мешавад.

Саноати вилоятро ҳудуди 821 корхонаю коргоҳҳои хурду бузург намояндагӣ мекунанд, ки беш аз 200 намуди маҳсулоти саноатӣ истеҳсол менамоянд. Кишоварзони вилоят ҳамасола ба кишварҳои хориҷи дуру наз-дик беш аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот мекунанд. Дар вохӯрӣ оид ба масъалаи гаравидани ҷавонон ба ҳаракатҳои экстремистию террористӣ суханронӣ карда шуда, зикр гардид, ки мутаассифона, бисёре аз чунин шахсон ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин роҳ мераванд.
 

Таъкид гардид, ки мо бояд аз тоҷику тоҷикистонӣ будани худ ифтихор дошта бошем ва шукрона кунем, ки Ватани ободу соҳибихтиёр ва давлати соҳибистиқлол дорем. Бояд қайд намуд, ки соҳибкорону сармоягузорони бонангу номус барои таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ватани маҳбубамон саъю кӯшиши худро барои васеъ намудани фаъолияти истеҳсоливу хизматрасонӣ, қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилию хориҷӣ ва афзоиши ҳаҷми содироти молу маҳсулот, таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ ва боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани худ равона карда истодаанд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи
раиси вилояти Хатлон