ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ - ИФТИХОРИ МАН!

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва бо ин восита муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, тарзи нигоҳ доштани он, супоридани саривақтии ҳаққи узвият ва тақвият бахшидани ҳуҷҷати ҳизбӣ дар доираи Амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ - ифтихори ман” раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маҳаллаи №2” –и ноҳияи Темурмалик дидан намуданд.Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид тибқи рӯйхат аз Шаҳодатномаҳои ҳизбии кормандони ташкилоти ибтидоии номбурда дидан намуданд ва дар идома ба як нафар корманди фаъол, ки аризаи худро барои аъзои ҲХДТ шудан пешниҳод карда буд, ботантана соҳиби шаҳодатномаи ҳизбӣ гардид.