ПАЁМ – РОҲНАМОӢ МИЛЛАТ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "С. Шерозӣ" бо хонандагони муассисаи мазкур мулоқот баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ раиси  ташкилоти ибтидоии ҳизбии "С. Шерозӣ" – Холмуродова Ҷамила  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Инчунин, дар рафти ин вохӯрӣ  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Холмуродова Ҷамила баромад карда, қайд намуд, ки барои ҳар як давлат соҳаи маориф яке аз соҳаҳои муҳим ва афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, мо омӯзгоронро мебояд насли наврасро дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва донишандӯзӣ тарбия намуда, фаъолиятамонро хубтару беҳтар ба роҳ монем.