ОЗМУНИ ИНШОИ БЕҲТАРИН ДАР МАВЗУИ “ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ – ИФТИХОРИ МИЛЛӢ”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар робита ба иҷрои бандҳои алоқаманди нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо интироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони кумита Раҳимова Маъмурбӣ дар мактаби №10-и ноҳия озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Қувваҳои Мусаллаҳ – ифтихори миллӣ” дар робита ба истиқболи сазовори 31 – солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни хонандагони синҳои болои баргузор карда шуд.Ҳамзамон иншоҳои навишташудаи интирокчиён ҷамъовари карда шуда аз тарафи кумитаи тадорукот тибқи низомномаи озмун санҷида мешавад ва ғолибон муайян карда мешаванд. Ба ғолибон дар маросими тантанави Сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотирмони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ супорида мешавад. Мақсад аз баргузории ин озмунҳо дар дили хонандагон бедорн намудани ҳисси баланди ватандӯстию арҷузорӣ ба заҳматҳои бемислу монанди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҷиҳати расидан ба Истиқлолияти давлатӣ мебошад.