КОРҲОИ ОБОДОНӢ БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНҲОИ ДАР ПЕШИСТОДА ВУСЪАТИ ТОЗА ПАЙДО НАМУДААСТ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Иқдомҳои созандаву ташаббусҳои ватандўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳо ҷиҳати сарсабзу хуррамгардонӣ, вусъат бахшидани корҳои ободонию бунёдкорӣ буд, ки масъулияти ҳар як сокини мамлакатро баланд намуд ва ободонӣ дар ҳар манотиқи кишвар, ҳар гўша, то дурдасттарин рустову манзилҳо мушоҳида мегардад. Ва дар заминаи ҳамин дастуру супоришҳо кўчаву хиёбонҳои шаҳру навоҳии мамлакат саросар зебову назаррабо ва сарсабзу гулпӯш гаштанд, Ҳар як сокин бояд аз кошонаи худ шурӯъ карда, ба маъракаи ниҳолшинонӣ пайвандад ва ба ҳамин васила ватани азизамонро ба диёри сабзу хуррам ва ҳамешабаҳор табдил диҳем. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии муассисаи давлатии “Қасри фарҳанги ҷумҳуриявӣ Данғара” ҳамарӯза бо иштироки фаъоли директори муассиса Муродализода Ҷамшед ва котиби ташкилоти ибтидоӣ Абдуллозода Сафар корҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашнҳои дар пешистода вусъати тоза пайдо намудааст ва бо истифода аз тавсияҳои мутахассисон ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда, сояафкану ороишӣ ва гулу гулбуттаҳо шинонида мешавад. Ниҳолшинонӣ алҳол ба як маъракаи муҳим табдил гардида, сокинон бо хушнудӣ аз ин ташаббусҳо ҷонибдорӣ менамоянд. Иштироки сокинон дар ҳашарҳои ниҳолшинонӣ, сарсабзу хуррамгардонии атрофи ташкилоту муассиса, кўчаву хиёбонҳо аз дарки масъулият, идомабахшии рисолату анъанаҳои неки ниёкон, ҳисси баланди ватандўстии онҳо дарак медиҳад.