САҲМИ ОМӮЗГОРОНУ ВОЛИДОН ВА ХОНАНДАГОН ДАР ХУРРАМГАРДОНИИ ЯК ГӮШАИ НОҲИЯ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кормандони шуъбаи маориф, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва падару модарони толибилмон баҳри саҳм гузоштан дар ободу зебо ва хуррамгардонии як гӯшаи ноҳия, ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан шинонида, имрӯзҳо ҳудуди муассиса ва кӯчаву маҳалларо тозаву озода карда истодаанд.Яке аз ҳадафҳои баргузории чунин ҳашарҳо дар тарбияи меҳнатдӯстии насравон мебошад. Зеро кӯдакону наврасон ҳамеша тақлидкунандаи калонсолон, бахусус волидону омӯзгорон мебошанд. Маҳз ба ин хотир, дар баргузории чунин ҳашарҳои дастаҷамъона хонандагон низ ҳамроҳи омӯзгорону волидон ширкат карда, саҳми худро дар ободонию кабудизоркунӣ ва зебогардонӣ гузошта истодаанд.