Ниҳол, бо об месабзад, одам бо дуо

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Пос  доштани рӯҳи гузаштагони худ ва тозаву озода нигоҳ доштани оромгоҳҳо яке аз амалҳои хайр ба ҳисоб меравад.

Ҷӯрахон Иброҳимов, посбони оромгоҳи Қоқобод, воқеъ дар деҳаи Навбаҳор ноҳияи Восеъ аст. Ӯ мегӯяд, қабристони макони зиёратгоҳ аст. Бояд, тоза ва озода нигоҳ дошта шавад. Бо меҳнати Ӯ зиёда аз 200 бех ниҳолҳои сояафкан ва гулҳои ороиши ин ҷо ҳамин мавсим шинонида шуданд. Ҳар нафаре, ки ба ин оромгоҳ меояд, барои табиати сабз ба Ӯ аҳсан мехонанд. Бояд ҳаминро ҳам қайд намоям, ки сарсабз гардонидани ин оромгоҳ бо иқдоми сокини деҳаи Тугарак, Баҳрулло Юсуфзода ва дастгирии шахсони саховатманди деҳа, огоз шудааст. Бояд қайд намоем, ки дар ноҳияи Восеъ охири ҳар моҳ сокинон баҳри саҳм гузоштан дар ободии оромгоҳҳо ва бо ин васила шод намудани рӯҳи гузаштагони худ саҳми хешро дар аксияи ҳизбии “Рӯзи ёдоварӣ” мегузоранд, ки ин шаҳодат аз хайрхоҳу меҳнатдӯст ва ободкор будани сокинони ноҳия мебошад.