МУҲИТИ ЭКОЛОГИИ ТОЗА ОМИЛИ САЛОМАТИИ МОСТ!

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Яке аз масъалҳои муҳими замони муосир дар шароити мураккаб қарор доштани ваъзи экологӣ ба шумор меравад, ки ҳолати нигаронкунанда дошта, мушкилоти натанҳо минтақа балки сайёраи замин мебошад.

Баҳри муҳайё сохтани муҳити экологӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани он мо бояд саҳмгузор бошем, ки то тавонем дар зебогиву тозагии муҳити экологии хеш ҳиссагузор бошем.

Бо ин мақсад дар маркази ноҳияи Балҷувон аксияи тозагии “Саҳми ман дар ободии диёр” баргузор гардид, ки дар он муовини раиси ноҳияи Балҷувон Ҳақназарзода Б, мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия Иброҳимзода Ҳ, аъзо фаъолон ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳия иштироки фаъолона доштанд.