ДАРАХТИ МАН БАРОИ ОБОДӢ ВА САРСАБЗИИ ТОҶИКИСТОН АСТ.

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади татбиқи нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, кумитаю ташиклотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар шаҳри Левакант дар доираи иқдоми умумишаҳрии ҳизбиён таҳти шиори “Шаҳри ман-хонаи ман” дар боғи фарҳангиву фароғати шаҳр аз 100 дарахти ороишӣ ва сояафкан шинонида, саҳми худро дар сарсабзу хуррамгардонӣ ва ба “Шаҳри сабз” табдил додани шаҳр гузоштанд.

Ҳамзамон, кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолона ба ҳашари дастаҷамъона баромада, саҳми худро барои шинонидани  дарахтон саҳми беандозаи худро гузоштаанд.  

Масъулин зимни ҳашар иброз доштанд, ки бузургони мо аз гузашта то имрӯз амалҳои ниҳолеро шинондан ва маконе тозаву озода намуданро аз ҷумлаи амалҳои неку шоиста маънидод кардаанд.

Дар фарҳанги миллии мо калимаи “сабз”, на танҳо рамзи хуррамӣ ва ободӣ аст, балки рамзи покӣ, тансиҳатӣ ва зиндагии осоишта мебошад ва ба суннатҳои миллӣ ва ойинҳои динии мо иртиботи қавӣ дорад.