ТОЗАГИИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо мақсади ободу зебо гардонидани гирду атрофи ноҳия дар ҷамоати шаҳраки Бохтариён шанбегӣ доир намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки аъзо ва ҷонибдорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳар рӯзи шанбе аз ҳисоби кормандони Кумитаи иҷроия ҳашари дастачамъона ташкил намуда дар корҳои ободониву созандагӣ, тозагии гирду атрофи бино, тоза намудани ҷуйборҳо аз партовҳои ғализ, нарм намудани зери гулу бутаҳо ва тоза намудани гулгаштҳо аз алафҳои бегона саҳми босазои худро гузоранд.

Бо гузаронидани шанбегӣ дар маҳали худ мо метавонем дар ободу зебо ва гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳми арзанда гузорем.