БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ГУШТИН МИЁНИ ҶАМОАТУ ДЕҲАҲО

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Гуштингири яке аз намудҳои қадимтарини варзиши тоҷикон буда бе гуштингири ягон рӯзи хурсанди намегузашт, паҳлавонон ҳамеша машқи гуштин доштанд. Аз хурди чавонмардҳо ба гуштин машқ мекарданд аввал дар тӯйҳои ҳамдеҳа баъд дар деҳаҳои ҳамсоя ба базмҳои гуштингири мерафтанд. Ба ин хотир маросими камарбандон барпо мешуду, он ҷавонмард номи паҳлавонро гирифта дар базму маракаҳои мардум ҳамчун паҳлавон мустақилона ширкат меварзид

Ин навбат бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷавонон ва варзиш”-и ноҳияи Кӯшониён, дар толори варзишгоҳи мактаби варзишии ноҳия мусобиқаи варзишии гуштини тарзи озод баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур паҳлавонон аз ҳудуди ҷамоату деҳҳаҳои ноҳия иштирок намуда, беҳтаринҳо дар фарҷоми мусобиқа бо ҷоиза ва туҳфаҳо сарфароз гардонида мешаванд.