ТАТБИҚИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ ДАР МАҲАЛ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади амалӣ намудани ташаббусҳои ҳизбӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара миёни сокинони маҳаллу деҳот ва саховатмандону соҳибкорон ҷиҳати азнавсозии иншоотҳои гигенӣ – ҳоҷатхона ва ҷойҳои дастшӯи бо усули дренажӣ барои муассисаҳои таълимию маданӣ, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, ошхонаҳо, боғу гулгаштҳо, шоҳроҳҳо ва ғайра мулоқоту суҳбатҳо доир намуда, аз рафти иншоотҳои сохташуда дар ҷойҳо аз наздик дидан намуданд.