СОКИНОН АЗ ПЕШРАВИҲОИ КИШВАР РӮҲБАЛАНДАНД!

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидои “Меҳрубон”-и ҷамоати шаҳраки Балх бо роҳандозии Аксияи тарғиботӣ - ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем!" вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ Мусоев Хуршед – муовини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба сухан баромада, оид ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин фаъол гардонидани одамон дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мавҷуда аз роҳи тарғиби дуруст сафарбар намудани корҳои хайру сахо, ташкили ҳашарҳо баҳри ободонии ноҳия, ҷиҳати пешгирии аҳолӣ аз сироятёбӣ аз бемориҳои паҳншаванда ва тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо, роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ суханрони намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” шоҳроҳи марказии ноҳия ва ҷӯйҳо аз лой ва партовҳо тоза карда шуданд.