ВУСЪАТИ ТАШАББУҲОИ ҲИЗБӢ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Вобаста ба мавсими мусоид дар ташкилоти ибтидоии муассисаи давлатии «Қасри фарҳангӣ ҷумҳуриявӣ Данғара” тадбирҳои солимгардонии муҳити зист тавассути кабудизоркунӣ сарсабзу зебо гардонии ҳар як гӯшаи ватани азизамон ҳамарӯза бо иштироки кормандони муассисаи номбурда баҳри сарсабзу хуррамгардонӣ, шинонидани дарахтони ҳамешасабз, гулу буттаҳо баргузор гардида истодааст.

Чунин тадбирҳои сабзкориву кабудизоркунӣ, ва тоза намудани гирду атрофи муассисаи худ тариқи ҳашар роҳандози шудааст. Боиси тазаккур аст, ки   маъракаи ниҳолшинонӣ бо маром идома дорад.

Чунин иқдомҳои ободонӣ дар ҳудуди ноҳия ҳамарӯза идома дошта, симои онро бозҳам зебову назаррабо намуда истодааст.