ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия ва раиси ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинови ноҳияи Шаҳритус санаи 2.02.2024 сол дар хоҷагии деҳқонии  мазкур картошка кишт карда шуд. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус бо роҳбар ва саҳмдорони хоҷагии деҳқонӣ сӯҳбат доир намуда, оид ба истифодаи самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, кишти  ғаладонагиҳо, захира намудани хӯрока, тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ ва пешгирии ифротгароӣ ва фаҳмонидани вазъи мураккаби ҷаҳон, инчунин вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои фаҳмондадиҳӣ намуданд.