ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ АМАЛӢ МЕГАРДАНД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон баҳри иҷрои нақша чорабиниҳо вобаста ба омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯзҳо дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун якқатор корҳои ободонию созандагӣ бо маром амалӣ гардида истодаанд.

Аз он ҷумла, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Яккадин роҳи аҳамияти маҳаллидошта тариқи ҳашар ва бо саҳми аъзо ва фаъолони ҷамоат сангфарш гардонида шуд.