МУСОБИҚАИ ЗЕҲНИИ ШАШКА ДАР ТАШКИЛОҲОИ ИБТИДОӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади инкишофи нерӯи солими ҷомеа, баланд бардоштани маҳорату малакаи насли наврас, бахусус ҷавонон занону бонувон дар риштаи варзиш, сайқал додани фикронӣ ва инкишофи нерӯи зеҳнӣ бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷавонон ва варзиш” миёни кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён" дар бинои шуъбаи морифи ноҳия бозии шашка ва шоҳмот баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкур ин иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани қобилияти зеҳниву фикрии ҷомеа, ҷиҳати пешгирӣ намудан аз паҳн шудани ақидаҳои ифротӣ, инчунин рушди ин намуди варзиш бо роҳи ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии беҳтаринҳо дар ин самт мебошад.

Баргузории мусобиқаи бозии зеҳнии шашкаро масъули Мактаби варзишии ноҳия доварӣ намуданд.