"СОЛИ 2024-СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Зери ҳамон мафҳум мийни хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №64 мулоқоти мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор баргузор карда шуд.Дар суханронии нотиқон қайд карда шуд, дар сол ироаи Паём аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” асосан ба зиндагии шоиставу некуаҳволии мардуми Тоҷикистон нигаронида шудаанд. Аз оғози соли 2024, 40 дар сад зиёд намудани музди маоши хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ, аз 1-июли соли равон чил дар сад зиёд намудани музди маоши кормандони буҷетӣ ва стипедияи донишҷӯён, сӣ дар сад зиёд намудани нафақа аз ҳамин қабиланд. Нуктаи дигари муҳиму чашмраси Паёми навбатӣ ин эълон гардидани “Соли 2024-Соли маърифати ҳуқуқӣ” мебошад.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин амали хеш мардуми кишвар, хурду бузурги мамлакатро даъват намуданд, ки ҳуқуқҳои худро донанду дар лаҳзаи зарурӣ манфиатҳои худро ҳимоя карда тавонанд. Аксар вақт надонистани қонун боиси сарсонию саргардонии одамон мегардад, ки ин дар баробари ранҷу азоб ба ҳолатҳои ногувор оварда мерасонад. Тасодуфан содир кардани ҷиноят, гаравидани шаҳрвандон, хусусан ҷавонон, ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва ғайра аз надонистани қонуну ҳуқуқҳо бармеоянд. Дониши ҳуқуқӣ чист? Он ҷузъи муҳими тарбия ва фарҳанги инсони муосир мебошад. Донистани ҳуқуқ ба одамон кӯмак мекунад, ки ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худро донанд ва онҳоро дар ҳолатҳои гуногун муҳофизат кунанд. Дониши ҳуқуқӣ дониши қонунҳо ва қоидаҳоеро дар бар мегирад, ки рафтори одамонро дар ҷомеа танзим мекунанд. Онҳо инчунин фаҳмиши принсипҳои асосии адолат, равандҳои системаи судӣ ва масъалаҳои шаҳрвандӣ ва ҷиноятиро фаро мегиранд. Дар ҷаҳони муосир дониши ҳуқуқӣ на танҳо барои ҳуқуқшиносон, балки барои ҳар як шаҳрванд зарур аст. Донистани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худ ба шахс имкон медиҳад, ки манфиатҳои худро ҳифз кунад, аз низоъҳо канорагирӣ намояд ва дар ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ бештар мустақил бошад.