БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МАҒОЗАИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 2 феврали соли 2024, дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки дар Паёми навбатии хеш вобаста ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, бунёди нуқтаҳои фуруши армуғон ва дигар ҳунарҳои мардумӣ, бо иштироки узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Абдусаломзода Мунаварра Алиакбар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар дар Ҷамоати деҳоти Навбаҳор мағозаи армуғон ба истифода дода шуд.

Маркази мазкур, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд гардида, аз тарафи бонуи ҳунарманди ҷамоати мазкур Гадоева Бибимоҳ корбарӣ мегардад. Роҳбарияти ноҳия ва вакили мардумӣ барои иқдоми пешгирифта, ба фаъолони ҷамоат ва ҳунарманд Гадоева Бибимоҳ аҳсану офарин хонда, миннатдории самимии худро баён намуданд.