"МО- ОМӮЗГОРОН РИСОЛАТИ СОЗАНДАГӢ ДОРЕМ"

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ноҳияи Восеъ рӯз то рӯз корҳои ободониву хуррамгардони вусъати тоза пайдо намуда истодааст. Дар баробари дигар сокинон дар чунин корҳои хайр омӯзгорон низ саҳми босазо гузошта истодаанд. Дар санаи 03.02.2024 новобаста ба вазъи боду ҳаво дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ ҳашарҳои дастаҷамъона ташкил карда шуд. Дар ин чорабинӣ тамоми кормандони шуъбаи маориф омӯзгорону кормандони техникии муассисаҳои таълимӣ фаъолона иштирок дошта, маъракаи шинонидани дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва гулу гулбуттаҳо сурат гирифт.

Қобили зикр аст, ки баҳри ободу зебо намудани саҳни муассисаву маҳалҳо ин амали накӯ минбаъд низ идома хоҳад ёфт.