Ниҳолеро шинонидан осон, онро сабзонидан масъулияти бузургро талаб менамояд.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кабудизоркунӣ, шинондани дарахтони сояафкану мевадиҳанда, тозаву озода намудани ҳудуди ноҳия ба ҳукми анъанаи сокинони меҳнатдӯсту меҳанпарасти ноҳияи Восеъ гардидааст, ки пайваста кӯшиш менамоянд баҳри ободӣ ва зебогии диёр саҳми хешро гузоранд.ниҳолшинонӣ аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон ба мо мерос мондааст. Аз ин хотир, дар мамлакат, бахусус ноҳияи Восеъ, маъракаи ниҳолшинонӣ ҳамасола ба як иди сарсабзу хуррамгардонии ҳақиқӣ табдил ёфта, махсусан вобаста ба хурраму сердарахт гардонидани таллу теппаҳо мардум дар он фаъолона иштирок мекунанд. Ниҳолеро шинонидан осон аст, аммо онро сабзонидан ва аз он ҳосил ба даст овардан масъулияти бузург ва машаққати зиёдро талаб менамояд, ки на ҳар кас аз ӯҳдаи чунин кор баромада метавонад. Бинобар ин мо омӯзгорон бо ҷалби хонандагони муассисаи таълимии №15-и ноҳияи Восеъ дар назди заминимуассисавӣ дар ин мавсим 240 ниҳоли сояафкан шинонида, саҳми хешро дар шукуфои як гӯшаи диёр гузоштем ва ният дорем ин ниҳолҳоро хуб парвариш намуда, ҳосили хуб низ ба даст орем,  иброз дошт  Ҷӯрабек Сафаров, директори МТМУ №15-и ноҳияи Восеъ.