БАРГУЗОРИИ МАЪРАКАҲОИ ГУЛШИНОНӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ҳамзамон ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода оид ба баргузории корҳои созандагою ободонӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бахшида ба истиқболи сазовор аз ҷашнҳои дарпешистода, масъулини ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди ноҳияи дар назди биноҳои корӣ ҳашари гулшинониро ба роҳ монданд. Ба боридани борон нигоҳ накарда дар ин рӯз ҳашарчиён зиёда аз 500 адад гулҳои садбаргро дар нозди коргоҳҳояшон шинониданд.