ПАЁМ-ТАШАББУСКОРИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъулияти ҳар як фарди хештаншиносу ватандӯстро баланд бардошта, ҳамчун мактаби бунёдкориву ҷасорат масири худшиносиро талқин менамояд, ки хӯрду бузурги сарзамини миллати куҳанбунёди тоҷик дар пешрафт, ободонӣ ва сарсабзии диёр саҳми шоён мегузоранд.

Масъулини Кумиати иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон низ, пайваста баҳри сиёсати ободкоронаи Раиси муззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои таблиғотиву ташвиқотиро миёни аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб роҳандози  намуда, сараввал дар  гирду атрофи бинои Кумитаи иҷроия ниҳолҳои ҳамешасабзу ороиши шинониданд, ки ин баҳри муҳити тозаву озода мусоид намуда, ба ҳусни ноҳия зебогии дигарро зам менамояд.