СОАТИ СИЁСӢ - БАҲРИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ СИЁСИИ ХОНАНДАГОН

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасону  ҷавонон,  тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу омӯзгор, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 – и Ҷамоати шаҳрак, бо иштироки директори Муассиаи таҳсилоти миёнаи умумии №56, Муродова Ф, миёни хонандагон “Соати сиёсӣ” доир карда шуд.

Зимнан директори Муассиаи таҳсилоти миёнаи умумии №56, Муродова Ф, вобаста ба маъалаҳои ҷудошуда, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ҳуввияти миллӣ,  пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба гурӯҳҳои террористи ва экстремистӣ, ҷалби хонандагон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ  суханронӣ намуданд.