ҲУНАРПЕША ВА КОРГАРДОНИ ТЕАТР

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Шукурзода Қурбонмаҳмад Равшан, хатмкардаи омӯзишгоҳи маданӣ-равшаннамоии ҷумҳуриявӣ (Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанги ба номи П.Ҷ. Бӯйдоқов) ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (1990-2001) буда, дар вазифаҳои роҳбари бадеии хонаи маданияти шаҳри Бохтар (1988), роҳбари бадеии хонаи маданияти №1-и шаҳри Бохтар (1988-1989), режиссёри театри халқии шаҳри Бохтар (1989) кор кордааст.

Аз декабри соли 1989 ба тариқи гузариш ба сифати ҳунарпеша фаъолият намуда, баъдан аз соли 2004 то соли 2006 ба ҳайси саркоргардони Муассисаи давлатии «Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов»-и шаҳри Бохтар таъин мегардад. Аз соли 2006 то ба имрӯз дар вазифаи коргардон-басаҳнагузорандаи театри мазкур фаъолият менамояд.
 

Мавсуф ҳамчун мутахассиси касбӣ қариб 35 сол аст, ки дар рушду нумуи санъати касбии театрӣ ва умуман гус-тариши фарҳангу ҳунари халқи тоҷик саҳми арзанда гузоштааст. Номбурда дар ин муддат дар зиёда аз сад намоишнома маҳорати баланди касбии худро тавассути иҷрои нақшҳои мухталиф пешкаши тамошобинон гардонидааст. Ӯ муаллифи якчанд асарҳои бачагона («Арчаи сеҳрнок», «Қиссаи муш ва гурба», «Тавоно бувад...», «Хирс ва хорпушт» (дар ҳаммуаллифӣ)) буда, дар густариши синамои тоҷик низ саҳмгузор мебошад.
 

Шукурзода Қурбонмаҳмад Равшан ҳамчун узви Иттифоқи ходимони театрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарбияи насли наврас низ саҳмгузорӣ буда, барои хидматҳои шоёнаш дар соҳаи санъату фарҳанг бо нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1996) ва медали «Хизмати шоиста» (2015), инчунин бо ифтихорномаҳои зиёди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ гардидааст.
 

Чанде пеш мо бо ин чеҳраи фарҳангӣ мусоҳибае анҷом додем, ки дар поён фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.
- Аз фаъолияти кориатон бармеояд, ки Шумо бо вуҷуди коргардон – басаҳнагузоранда буданатон, инчунин дар як қатор намоишномаҳои театрӣ ва синамоӣ низ нақшҳоро иҷро кардаед. Мегуфтед, ки барои Шумо дар саҳна ва ё синамо бозидани нақш бештар писанд аст ва ё дар театр ба ҳайси коргардон – басаҳнагузоранда будан?

 

- Фикр мекунам, ки дар синамо нақш офаридан орзуи ҳар як ҳунарманд аст, зеро дар филм ному нишони ҳунарпеша ба ҳамешагӣ боқӣ мемонад. Мо ки ҳаёти худро ба театр бахшидаем, албатта театр бароямон хеле азиз аст. Дар театр дар офаридани нақшҳо ва ё ба сифати коргардон фаъолият кардан бароям хеле гуворо ва писандида аст.
 

- Шумо ҳамчун мутахассиси касбӣ бигӯед, ки асари саҳнавиро дар театр кӣ бояд интихоб намояд? Интихоб ба Шурои бадеии театр, роҳбари муассиса ва ё ба худи Шумо вобаста аст?
 

-Дар интихоби намоишнома коргардони театр чандин асарҳои саҳнавии муаллифонро мутолиа карда, баъдан ба хулосаи ниҳоӣ меояд. Албатта, интихоби асар аз коргардони театр вобастагии зиёд дорад. Яъне, агар мазмуну мундариҷаи асари саҳнавӣ ба коргардони театр писанд наафтад, ӯ барои ба саҳна гузоштани чунин як асари сустмазмун талош намеварзад, зеро пешакӣ медонад, ки меҳнаташ бенатиҷа ва шояд бемуваффақият анҷом ёбад.
 

- Аз солҳои 90-уми асри гузашта бо дархости маъмурияти Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар пйесаи «Бадкирдори Тороссӣ»-и драматурги турк Азиз Несин ба тоҷикӣ тарҷума шуда, Шурои бадеии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интишори он розигӣ дода, он соли 2015 бо маблағгузории театр ба нашр ҳам расидааст. Мавзуи асар басо ҷолибу рӯзмарра мебошад. Сабаб чист, ки тамошобини тоҷик онро дар рӯи саҳнаи театр дида наметавонад? Оё вақти намоиш додани ин намоишнома ҳанӯз ҳам фаро нарасидааст?
 

- Суоли басо бамавридро ба миён гузоштед. Ёд дорам, ки пйесаи «Бадкирдори Тороссӣ»-и драматурги турк Азиз Несинро тахминан солҳои 1997-98-уми асри гузашта Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Бурҳониддин Раҷабов рӯи саҳна оварданӣ буд. Он вақт ман ҳамчун ҳунарпешаи театр нисбатан ҷавонтар будам ва намедонам, ки бо кадом сабаб ин асар рӯи саҳна оварда нашудааст.
Дуруст қайд кардед, ки пйесаи «Бадкирдори Тороссӣ»-и драматурги турк Азиз Несин воқеан ҳам асари хуби тамошобоб аст. Чанде пеш ман ин асарро аз нав мавриди мутолиа қарор додам ва мазмуну муҳтавояш бароям хеле писанд омад. Шояд дар ояндаи наздик ҳамчун коргардон ин асари ҷолибро рӯи саҳна биоварам.    

 

- Дар шароити имрӯза, ки мардум барои театрравӣ чандон рағбат надоранд, мегуфтед, ки бобати тарғиби театр ба ҷуз кормандони он боз кадом муассисаҳо метавонанд кумак ва мусоидат намоянд?
 

- Ба ҳамагон маълум аст, ки мо дар кадом аср қарор дорем ва ин асрро асри технология ва информатсия меноманд, яъне таваҷҷуҳи мардум бештар ба компютер, телефони мобилӣ ва интернет зиёд шудааст. Гумон мекунам, ки шояд қувваи худи кормандони театр ва ҳунармандони он барои ба театр ҷалб намудани тамошобин чандон кифоя набошад. Аз ин лиҳоз, фикр мекунам, ки мо дар якҷоягӣ бо кормандони радио ва телевизиони маҳаллӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма метавонем, ки бо барномаҳои доимии тарғиботиву ташвиқотии худ тамошобинро ба театр ҷалб намоем.
 

- Барои тарғиби намоишномаҳои театрӣ бо матбуоти даврӣ ва ё бо Раёсати телевизион ва радиои вилоят ҳамкорию қарордод бастан оё ба манфиати кор нест? Ягон бор чунин тасмим гирифта будед?
 

- Чунин тасмим бояд ҳам аз ҷониби театр ва ҳам аз ҷониби кормандони васоити ахбори омма ҳарчи зудтар гирифта шавад, яъне бояд кормандони телевизион бо ҳунарпешагони театр робитаи наздик дошта бошанд. Баъди чунин ҳамкориҳо ҳам кори театр ва ҳам фаъолияти телевизиону радио беҳтару хубтар мегардад. Театр намоишнома таҳия месозад ва воситаҳои ахбори омма бояд онро тарғиб намояд. Агар мо дар ин самт ҳамкориро бештар намоем, ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намуда, онҳоро ба зебоипарастиву накукорӣ, эҷодкориву бунёдкорӣ ҳидоят месозем.
 

- Солҳои охир кормандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ба ҷуз намоишномаҳои бачагона, инчунин намоишномаҳои «Карим Девона», «Бежан ва Манижа», «Қалби зан», «Ишқ аз интернет» ва «Зол ва Рӯдоба»-ро пешкаши тамошобин гардониданд. Мегуфтед, ки кадоми ин намошномаҳо тамошобини бештар дошт ва сирри муваффақияти он дар чӣ буд?
 

- Боиси ифтихор аст, ки ҳунармандони театри мо тайи чанд соли охир ба асарҳои бузурги таърихию миллӣ ба монанди «Карим-девона»-и Тӯрахон Аҳмадхон, «Бежан ва Манижа», «Зол ва Рудоба»-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ (дар таҳияи банда) рӯй овардаанд.
 

Дар се фестивал-озмуни ҷум-ҳуриявии театрҳои касбӣ ‒ «Парасту» ҳунармандони театри мо ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштанд. Хушбахтона, соли 2019 ҳунармандони театр бо намоишномаи «Карим-девона» сазовори ҷойи 3-юм, соли 2021 бо намоишномаи «Бежан ва Манижа» ҷойи 2-юм ва соли 2023 низ бо намоишномаи «Зол ва Рудоба» сазовори ҷойи 2-юм гардиданд.  Намоишномаҳои номбаршуда дар ҳақиқат ҳам тамошобоб буданд ва толори театр пур аз тамошобин буд. Ин намоишномаҳо аз он ҷиҳат писанди тамошобин шуданд, ки дар онҳо ҷанбаҳои миллӣ инъикос гардиданд ва ин чиз ба дили тамошобин бештар наздик буд.
 

- Имрӯз барои пешравии соҳа кадом омилҳо садди роҳанд? Нарасидани ҳунармандони касбӣ, набудани дастгоҳи таблиғотӣ ва ё сустии мазмуну муҳтавои намоишномаҳо ё омода набудани тамошобин?
 

- Хушбахтона, театри мо аз нарасидани ҳунармандони касбӣ чандон танқисӣ намекашад. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз дар театр Ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон: Меҳринисо Ҳоҷибоева, Маҳмадалӣ Аюбов, Ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон: Маҳмадӣ Шарипов, Муҳаммад Шомудинов ва ҳунарпешагон: Отахон Саидзода, Ҷамила Юсуфзода, Ҷӯрахон Расулов, Хоҷамқул Сатторқулов, Ойимгул Давлатзода ва як қатор ҷавонҳое, ки маҳорати баланди касбӣ доранд, фаъолият менамоянд.
– Ташаккур барои чунин суҳбати самимона!
Суҳбаторо,

 

Раҷабалӣ Худоёрзода,
“Ҳамрози халқ”