САҲМИ ҲХДТ ҲАМЧУН НИҲОДИ СИЁСӢ ДАР ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

“Барои ваҳдат, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум”. Ин ибораи зебо шиори Ҳизби созандаи Халқии демократии Тоҷикистон аст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 10 декабри соли 2024 30 -сола мешавад. Фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муддати тӯлонӣ нест, аммо бо вуҷуди ин ҳизби пешбарандаи ҷомеа монанди чашмаи мусаффоест, ки аз он садҳо ҳазор нафар то имрӯз баҳравар гашта истодаанд. Самараи ин пеш аз ҳама, суботу осоиштагии ҷомеа, якпорчагии сарзамин, мавҷудияти идеологияи милливу иродаи сиёсии халқ мебошад.
 

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба сифати як неруи сиёсӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ нақши басо муҳим дорад. Ин неруи бузург миёни мардум соҳибэҳтиром дар лаҳзаҳои ниҳоят ҳассоси бунёдгузории давлати навинамон дар соли 1994 таъсис ёфта, халқи  парешонгаштаро дар атрофи худ ҷамъ овард. Мурури солҳо Ҳизби Халқии Демок-ратии Тоҷикистон бо афкору андешаҳои созандаи аъзоаш ҳамчун неруи нуфузманди сиёсӣ таҳти роҳбарии Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллатро сарҷамъ ва сулҳро пойбарҷо намуд.
 

Бо гузашти солҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикис-тон миёни ҳамаи қишрҳои ҷомеа - зиёиён, коргарону, кишоварзон, соҳибкорону табибон, омӯзгорону иқтисодчиён саноатчиёну аҳли фарҳанг аъзо ва ҷонибдорони худ-ро пайдо кард. Яъне, ба таъбири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бе шакку шубҳа аз ҷумлаи сернуфузтарин ҳизби сиёсӣ ва тавонотарин қудрати сиёсии кишвар аст”.
 

Барномаи ин ҳизби сиёсӣ имрӯз барномаи Ҳукумати мамлакат буда, самари он пешрафти иқтисоду сиёсат, сулҳу амнияти сартосарӣ, иҷтимоиёту фарҳанг, варзиш ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мебошад. Ҳизби пешбарандаи ҷомеа дар давраи бисёр мушкил ва сарнавиштсоз ба фаъолият шурӯъ намуда, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ барои устувориву пойдории сулҳ ва ободии Ватан кӯшиш намуда истодааст. Ҳадафи асосии ҳизби мо ваҳдату ягонагӣ, таъмини ояндаи неки кишвар ва зиндагии шоистаи сокинони кишвар мебошад. Он ҳамчун ҳизби сиёсӣ барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, дунявию ягона ва инчунин, иқтисоди устувор, ки барои беҳбудии ҷомеа нигаронида шудааст, фаъолият менамояд.
 

Дар воқеъ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дасто-вардҳои афкори пешқадами ҷомеаро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, суннату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф медиҳад. Дар давраи фаъ-олияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дигаргуниҳои зиёде дар кишвар рӯйи кор омаданд, ки дар рушду пешрафти кившари соҳибистиқлоламон нақши муассир доранд. Албатта, бобати ба даст овардани ин муваффақиятҳо саҳми аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бағоят бузург    арзёбӣ    мегардад,    ки ин   ҳама  аз  самараи  неки  Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ба даст омадаанд.
 

Дар низоми давлатдории миллӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун қудрати сиёсӣ бо роҳи иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷамъият барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ, инчунин барои рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум фаъ-олияти чашмрас намуда истодааст. Таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳизби Халқии Демок-ратии Тоҷикистон масъулияти олии ватанасозиро бар зимма дошта, бобати сарҷамъии миллат, якпорчагии сарзамин, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, рушди бемайлони соҳаҳои хоҷагии халқ дар масири ватансозӣ нақши пешоҳангӣ дорад.
 

Мехоҳам ин нуктаро низ иброз дорам,  ки  тарғиби  идеологияи миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба  арзишҳои  миллӣ,таҳкими худшиносиву меҳанпарастӣ,  ҳуввияти  миллӣ, якпорчагии сарзамин, дастгирии  сиёсати  давлату  Ҳукумат,  Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии То-ҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти ҳизбии ҳамаи мо мебошад. Зеро асос ва ҷавҳари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ҳам-чун ҳизби сиёсӣ ё қудрати сиёсӣ риояву ҳифз намудани манфиатҳои олии миллӣ ва давлатӣ ташкил медиҳанд.
 

Воқеан ҳам, маф-ҳумҳои муқаддасе монои Ватан, миллат, Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, якпорчагии сарзамин, оромиву сулҳ, осудагии ҷомеа муҳимтарин арзишҳое ҳастанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон онҳоро дар ҳамбастагӣ бо идеологияи миллӣ ҳимоя, тарғиб ва дар ҷомеа устувор мекунад. Фаротар аз ин ҳифз, таҳким бахшидан, дар ниҳоди ҳар узви ҷомеа ва ҷавонон пойбарҷо намудани ин арзишҳо асолати милливу рисолати шаҳрвандии ҳар фарди соҳибватан аст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша зидди падидаҳои номатлубе амсоли  эктремизми сиёсиву динӣ ва терроризм буда, ин аъмоли барои ҷомеаи башарӣ хатарнокро маҳкум мекунад. Идеологияи ватандӯстӣ, гуманизм ва ваҳдати миллӣ идеологияи аз ҳама асосӣ мебошад ва ҳамин идеология асоси барномаи сиёсии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайи устувории низоми давлати демократӣ, дунявӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ, худшиносию худогоҳӣ, баланд бардоштани пояҳои маънавию ахлоқии ҷомеа, тақвият бахшидани неруи инсонӣ ва амсоли ин саргарми фаъолият буда, дар масири ватансозӣ ҳадафмандона равон аст.

Муҳаммад ВАЛИЗОДА,

раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор