ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ ИНШООТҲОИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон таъмиру азнавсозии 38 адад иншооти соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 114 миллиону 435 ҳазору 576 сомонӣ ба анҷом расонида шудааст. Дар ин бора Шайдулло Шарипов, сардори Раёсати тандурустии вилоят зимни баргузории нишастӣ хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
 

Гуфта шуд, ки соли сипаригардида таъмири 148 муассисаи тандурустӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки 134 адади он ба истифода дода шуда, дар 14 тои дигар корҳои сохтмонӣ бо маром идома дорад. Инчунин, соли 2023 89 маркази саломатии деҳотии шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби Лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ бояд аз таъмири асосӣ бароварда мешуд, вале  дар 68 адади онҳо корҳои таъмирӣ ба анҷом расоида шуда, дар 11 тои дигар корҳо идома дорад.
 

Ба гуфтаи Шайдулло Шарипов давоми соли 2023 аз ҷониби Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» дар чаҳор ноҳияҳои вилоят 15 маркази саломатии деҳотӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо таҷҳизотҳои ғайритиббӣ ва обгармкунаки офтобӣ таъмин гардиданд.
 

Дар идомаи нишасти хабарӣ аз ҷониби масъулин зикр гардид, ки то кунун дар вилояти Хатлон 33 адад бунгоҳҳои тиббӣ дар хонаву вагонхонаҳо фаъолият карда истодаанд, ки боиси нигаронӣ аст ва дар доираи ба даст омадани имкониятҳо он бунгоҳҳо аз вагонхонаҳо бароварда шуда, бо бинои мамурӣ таъмин хоҳанд гашт.

Амонҷон Муҳиддинов