ТАРҒИБИ МОҲИЯТ ВА АҲАМИЯТИ ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МИЁНИ ҶАВОНОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 01 - феврали соли равон мулоқоти роҳбари бахши ноҳиявии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Мирзоев Толиб бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти мазкур дар мавзуи “Ташаббусҳои беназири Пешвои миллат дар сати обу иқлим” баргузор карда шуд.Дар мулоқот нотиқон иброз доштанд, ки бинобар сабаби тағйирёбии иқлим, ҳодисаҳои гуногуни табиӣ рух дода, боиси хисороти ҷонӣ, молӣ ва иқтисодӣ мегарданд. Ин масъалаҳои муҳими глобалиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор медиҳаднд.Тули солҳои охир баландшавии ҳарорати ҳаво, тӯфону обхезиҳо ва дигар ҳодисаҳои табиат дар тамоми сайёра ба мушоҳида расида, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Вобаста ба ин, ташкили самараноки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дар ин замина баланд бардоштани маърифати экологии одомон зарур аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоили гуногуни марбут ба муҳити зист, роҳҳои пешгирӣ ва мутобиқ гаштан ба хавфҳои экологӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва сарватҳои табиатро таҳлил ва баррасӣ намуда, таърихи 14 декабри соли 2022 аз минбари баланди Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташабуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи захираҳои обӣ зери унвони “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” элон намуд, ки аз ҷониби аъзоёни ин созмони бонуфуз бо қаноатмандӣ пазируфта шуд.Бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо назардошти ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.