САДА - МУЖДАЕ АЗ ФАЙЗИ БАҲОР!

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷашни Сада бо як шукӯҳу шаҳомати хосса дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти Себистон баргузор гардид, ки кишоварзон, ҳунармандон ва доираи васеи сокинони ҷамоат иштирок доштанд. Сада табиатан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонад. Оташи афрӯхтаи марди деҳқон бахшандаи нур ба чеҳраҳо ва сурур бахши қалбҳост.

Дар намоишгоҳ дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ба маърази намоиш гузошта шуданд. Дар ин радиф боғдорон гӯшаеро бо намудҳои зиёди ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда, гулу буттаҳои ҳархела, тухмиҳои зироатҳо ва дигар ашёҳои лозимаи кишоварзӣ ба намоиш гузошта, аз ҳосили фаровон мужда доданд. Дар гӯшаи дигар тамоми техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ гузошта шуда, чун анъана ҷашни Сада худ омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ буда, дар ин замина воситаҳои техникии кишоварзӣ таъмир гардида, ба мавсими кишту кор омода карда мешаванд.

Дар корҳои ободонӣ ва оғози мавсими нави фаъолият, барору комёбиҳои нав ба навро орзу намуда, ба хонадони ҳар як сокини ноҳия, тинҷиву амонӣ, бахту саодат ва рӯзгори ободу осуда таманно намуданд.