ҶАШНӢ САДА МЕРОСИ АРЗИШМАНДИ НИЁГОН

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии «Маорифчиё» - и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 - и ноҳияи Данғара,  чорабании умумимуассисавӣ бахшида ба иди сада гузаронида шуд, ки дар он хонандагон омӯзгорон фаъолона иштирок намуданд. Сада яке ҷашнҳои қадимаи мардуми тоҷик мебошад, ки аз қадимулайём онро бо як шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил менамоянд. Ҷашни Сада ҳамчунин, ба хотири гиромидошти неъмати бузурги табиат - оташ  таҷлил мегардид. Ҳарчанд ин ҷашн таърихи қадима дорад ва дар Тоҷикистон имрӯзҳо бо шукӯҳи хоса таҷлил карда мешавад, вале  як муддате аз назарҳо дур монда буд. Он чанд сол пеш ба ҳаёти мардуми тоҷик дубора баргашт. Ҷашни Сада аз сипарӣ шудани фасли зимистон, наздик омадани фасли баҳор ва аз оғозёбии кори деҳқон мужда мерасонад. Фарорасии ин ҷашн аз рӯйи солшумории ҳиҷрӣ ба даҳум рӯзи Баҳманмоҳ  ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба рӯзи 30 - юми январ рост меояд. Сада пас аз ба охир расидани 40 - рӯзи шаби Ялдо ҷашн гирифта мешавад, ки гувоҳидиҳандаи пирӯзии гармӣ бар сардӣ аст.