РАВНАҚУ РИВОҶИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи нақша-чорабиниҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву созандагӣ, ободу зебо гардонидани маркази ноҳия, ки таҷассумгари симои ноҳияи зебоманзарамон мебошад, бо маром ҷараён дорад.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳамвора корҳои ободониву хуррамгардонӣ, гулзорнамоию асфалтпӯшкунӣ, рангу бори кӯчаҳо ва дигар тадбирҳои зарурӣ дар рушду пешрафти маркази маъмурии ноҳия роҳандозӣ гардида истодааст.

Бо ин мақсад кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҷавонон ва варзиш" дар назди бинои мактаби варзишӣ ҳашарҳои тозакориро роҳандозӣ намуданд. Тазаккур бояд дод, ки масири ободонӣ дар ин самт бо маром идома дорад.