АКСИЯИ ЭКОЛОГИИ ОМӮЗГОРОНУ КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аксияи экологӣ дар ташкилоти ибтидоии “Нури истиқлол” – и Донишгоҳи давлатии Данғара гузаронида шуд. Бо ташаббуси ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара”, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ омӯзгорону кормандони донишгоҳ таҳти унвони “Тозагию озодагӣ мароми мост” дар гирду атрофи биноҳои таълимӣ, кӯчаи Марказӣ ва шоҳроҳи Кӯлоб – Данғара – Душанбе гузаронида шуд.

Чунин чорабиниҳоро Раёсати донишгоҳ бо мақсади тозаву озода ва сабзу хуррам нигоҳ доштани гирду атрофи донишгоҳ ва ноҳияи Данғара минбаъд низ роҳандозӣ хоҳад кард.