САҲМИ БЕАНДОЗА ГУЗОШТАН ДАР КОРҲОИ ОБОДОНӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади татбиқи нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба бунёди гулгашту хиёбонҳои нав баён доштанд, ки бо ташкили маъракаҳои ҳашар-шанбегӣ ташкил намуда, дар анҷом додани корҳои созандагӣ,  ободкорӣ  ва  сарсабзу  хуррам  гардонидании ҳар як гӯшаву атрофи сарзаминамон саҳмгузор бошед.

Ба ҳамин хотир аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” бо  мақсади сазовор ҷашн гирифтани 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни бинои муассисаи таълимии №9-и ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён корҳои  ободонӣ  доир намуданд.

Бояд қайд намуд, ки аъзоёни ташкилоти ибтидоии мазкур бо як рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва бо мақсади ба тартиб даровардани дарахтони сояафкану ҳамешасабз, тозаву озода намудани  гузаргоҳҳо ва гирду атроф, гулу буттаҳо ва нарм намудани заминҳову канори дарахтон дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии маҳали зисташон ва боз ҳам зеботар намудани бинои коргоҳи худ пайваста саҳми арзанда мегузоранд.