ИДОМАИ ҲАШАР ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "ОБОДГАР"

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати ободу зебо ва гулгулшукуфоии ватани азизамон имрӯзҳо тамоми қишрҳои ҷомеа пайваста аз пайи корҳои созандагию бунёдкорӣ мебошанд. Дар доираи аксияҳои ҳизбӣ, баҳри тозаю озода нигоҳ доштани маҳалли зисти худ аъзо ва ҷонибдорони ин ҳизби масъулият пайваста паи ободкориҳо ҳастанд.

Илова бар ин аст, аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ободгар”-и ноҳияи Ҳамадонӣ, дар доираи сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳрави назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии раками £.34 и ноҳияро тоза намуда ҷӯйбори обравро аз алафҳои худрӯй озод намуданд.

Аъзои ташкилоти мазкур бо шукргузорӣ аз давлати тинҷу обод назди худ мақсад гузоштаанд ва ба мо ваъда доданд, ки баҳри покизагии диёри хеш ҳамеша ташаббусҳои Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Ҳамадонӣ арҷ гузошта, ба ҳашари дастҷамъӣ баромадан омода ҳастем. 

 

 шуъбаи иттилоот ва таблиғот