ТОЗАГИИ ОРОМГОҲҲО НИШОН АЗ ЭҲТИРОМИ ГУЗАШТАГОН

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Санаи 27.01.2024 сол дар асоси қарор ва дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизбӣ, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар деҳаи Қулсанги Ҷамоати деҳоти Иттифоқ бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб, ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» доир гардид,ки дар он зиёда аз 100 нафар иштирок намуда, дар тозаю обод гардонидани оромгоҳи деҳа саҳм гузоштанд. Аксияи мазкур дар аксарият маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гузаронида шуд.