СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР АРАФАИ АНҶОМЁБИСТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Корҳои таъмиру азнавсозӣ ва сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи таълимии №13 ба охир расонида шуда истодааст. Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар доираи амалиёти “Мактаби ман” аз тарафи аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Фархор Назирӣ Зариф Вализода, сокинони саховатманди деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Гулшан ва хатмкунандагони сину соли гуногуни ин даргоҳ роҳандозӣ шуда буд. Корҳои таъмириро дар муассисаи мазкур сохтмончиёни маҳаллӣ бо сифати баланд ба анҷом расонида истодаанд. Айни замон корҳои сафолатпуш намудани саҳни ҳавлии бинои сохташудаи муассиса ва насби шиору овезаҳо барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани хонандагон бо маром ҷараён дорад.