БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ БО ИШТИРОКИ ВАКИЛИ МНМО ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавонон, тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳувиятӣ миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба омӯзгору бузургон, ҳар шанбеи охири моҳ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Дӯстӣ ташаббуси муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Соати сиёсӣ" баргузор карда мешавад.

Чунин иқдом имрӯз дар МТМУ-14, ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гавҳар Шарофзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Ҳамидзода  Абдулҳафиз баргузор карда шуд.
Дар баромади худ Гавҳар Шарофзода вобаста ба ташаббусҳои байналмиллалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти Самаранок истифодабарии захираҳои обӣ,  Ҳифзи пиряхҳо, тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Номбурда бо хонандагони синфҳои 10 ва 11-и муассисаи мазкур дарси амалӣ гузашта ба шогирдон насиҳат намуданд, ки бо баҳои хубу аъло хонанд ва ба донишгоҳу догишкадаҳои кишвар дохил шуда соҳиби касбу ҳунар гардида ба ватану миллати худ садоқатмандона хизмат намоянд.