ВОХӮРИИ САРИРОҲӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲА

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 26-юми январи соли 2024 бо мақсади иҷро намудани нақшаи муштараки баргузории мулоқоту вохӯриҳои тарғиботию ташвиқотӣ миёни сокинон, ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуб аз қабили терроризм ва экстремизм, таълимоти ғайрирасмии динӣ, ба бар намудани либоси бегона ва таасубу хурофотпарастӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва баррасии мавзуву мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ҷамоати деҳоти Бохтариён, раисони маҳаллаҳо ва имомхатибон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Вализода Икромиддин Сироҷиддин Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона суханронӣ намуданд. Зимни баромади худ оид ба масъалаҳои дар боло зикргардида суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки ифротгароӣ ва терроризм – яке аз зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам мезанад. Ҳол он ки ҳеҷ ҷомеае бидуни таъмини амнияти иҷтимоӣ рушду такомул нахоҳад кард.

Ҳамчунин қайд гардид, ки мо мардуми тоҷик расму анъанаҳои худро ҷиҳати пӯшидани либоси миллӣ вобаста ба минтақаҳои кишварамон аз солҳои пешин доштем. Баъди он солҳои охир мо мебинем, ки аз тарафи занони тоҷик пӯшидани либосҳои ба миллати мо бегона хеле зиёд шуд. Гуфтанӣ ҳастам, ки модарону хоҳарони мо бояд ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳанд ва барои равнақи расму анъанаҳои гузаштаи мо вобаста ба пӯшидани сару либоси миллӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд, на балки либоси мардуми бегонаро тақлидкорӣ намоянд.