САДА ҲАМ МУЖДАЕ АЗ НАВРӮЗ АСТ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Ҷашни Сада яке аз қадимтарин идҳои ниёгонамон ба шумор рафта, дар баробари Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон дар фарҳангу тамаддун ва таърихи халқи тоҷик мақому манзалати хосса дорад.

Ниёгонамон, ки аз азал некхоҳу некандеш ва накукирдор буданд, аз ин рӯ бо ҷашн гирифтани Сада, хислатҳои инсондӯстӣ ва адолатпарварӣ, некию некукориро низ дар миёни мардум тарғибу ташвиқ мекарданд.
 

Бояд ёдовар шуд, ки аксари идҳои қадимаи мо бо кайҳону табиат алоқамандии ногусастанӣ доранд. Ҷашн гирифтану донистани чунин идҳо дар муайян намудани вақти шабу рӯз, фаслҳои сол ва мавсими корҳои деҳқонӣ мусоидат хоҳанд кард. Аз ҷумла, ҷашнгирии Сада низ бо чунин хислатҳои неки худ аз дигар ҷашнҳои миллиамон ба куллӣ фарқ карда меистад.
Дар хусуси таърихи пайдоиши ҷашни Сада дар миёни олимон ақидаҳои гуногун вуҷуд дорад, ки ҳар кадоми онҳо дорои ҳикмату фазилати хоссае мебошанд.

 

Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволаш бунёдгузори ҷашни Садаро ба шоҳ Ҳушанги пешдодӣ нисбат медиҳад. Тибқи гуфтаи ӯ шоҳ Ҳушанг (писари Сиёмак) бо ҷамъе аз ёрони худ, ки 100 нафарро ташкил медоданд, барои шикор ба кӯҳи Истахр мераванд ва дар сари роҳ бо мори азимҷуссае вомехӯранд. Ҳушанг чолокӣ нишон дода, ба хотири эминии худу ёронаш сангеро ба сӯи мор ҳавола медиҳад, аммо санг ба санги дигаре бархӯрда оташаке падид меорад. Ҳамон оташак ба аланга мубаддал шуда, мор ва хасу хошоки атрофи онро низ сӯхта нобуд мекунад. Ҳушангу ёронаш аз падидоии оташ хурсандӣ карда, Кирдигори покро дуруд мегӯянд ва ин рӯзро ҳамчун рӯзи мубораку хуҷаста дониста, пирӯзии некӣ бар бадиро бо номи Сада ҷашн мегиранд:

Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр,
К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард,
Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард.

 

Аз гуфтаи Фирдасвӣ чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки Сада дар замони Ҳушанги пешдодӣ ба вуҷуд омада, бархӯрди қувваҳои некию бадӣ дар симои Ҳушангу мор таҷассум ёфтааст ва пайдоиши оташро ҳамчун ҳадяи Яздонӣ ғалабаи рӯшноӣ бар торикӣ бояд донист.
 

Чизи муҳимме, ки аз ин ривоят бармеояд, ин пайдоиши оташ, яъне нури Аҳуроӣ барои саркӯбии торикӣ ва тантанаи рӯшноӣ мебошад. Оташ ҳамчун рамзи ҳастию саодатмандӣ ба шумор рафта, иртиботи ҷирмҳои осмонию заминӣ низ ба нуру рӯшноӣ вобаставу алоқамандӣ доранд. Аз ҳамин ҷост, ки дар ҷашнҳои Сада ва Наврӯз халқҳои тоҷику форс ҳамчун суннати дерина оташафрӯзӣ мекунанд. Оташафрӯзӣ дар таълимоти динҳои меҳрпарастӣ ва зардуштӣ аз амалҳои неку савоб ба шумор мерафт. Ниёгонамон ҳастии дунёро ба чор унсури табиат: об, хоку боду оташ вобаста медонистанд.
 

Калимаи «сада»-ро дар забони форсии қадим «садок» ва дар форсии миёна «садаг» талаффуз мекардаанд, ки маънои пайдо шуданро дорад. Агар маънои «сада» дар забонҳои қадимаи форсӣ-тоҷикӣ маънои пайдо шудан, тулуъ карданро дошта бошад, пас кашфи оташро ҳамчун рамзи ҳаёт ва осудагӣ фаҳмидан низ мумкин аст.
 

Ба ҳамагон маълум аст, ки шаби дарозтарини солро шаби ялдо меноманд, ки он ба шаби 22-юми декабри солшумории мелодӣ рост меояд. Калимаи ялдо аз забони суриёнӣ гирифта шуда, маънои зодан ва тавлид шуданро мефаҳмонад ва дар фарҳангҳои форсӣ-тоҷикӣ ба маънои шаби дарозтарини сол ва шаби бисёр сиёҳу торик шарҳ дода шудааст. Абурайҳон Бе-рунӣ дар китобҳои мондагори худ «Ат-тафҳим» ва «Осор-ул-боқия» ибораи «шаби ялдо»-ро ба маъноҳои «шаби зодан» ва «навидрӯз» низ маънидод кардааст. Ҳамчунин бар замми ақидаи он, ки бо пайдошавии оташ дар замони Ҳушанг ҷашнгирии Сада оғоз шудан, инчунин ӯ бунёдгузори ин ҷашнро ба Фаридуни пешдодӣ низ нисбат медиҳад. Ӯ овардааст, ки некдилии вазири Заҳҳоки морон – Армоил боиси ҷашнгирии Сада мегардад. Тибқи гуфтаи ӯ ҳар рӯз ду нафарро барои хӯроки морони Заҳҳок меоварданд ва вазири некадеши ӯ – Армоил бинобар раҳмдил буданаш як нафарро ба Заҳҳок дода, дигареро бо ҳиллаву тадбирандешӣ ба кӯҳи Дамованд мефиристод. Чун Фаридун алайҳи Заҳҳок исён карда ӯро мағлуб сохт, аз кори вазири одили ӯ огоҳ шуда, ҷашни Садаро барпо мекунад.
 

Ибни Балхӣ дар китоби «Форснома»-и худ ибтидои ин ҷашнро ба Луҳрост ва писараш Гуштосп вобаста медонад. Манучеҳрию Унсурӣ низ дар шеърҳои худ пайдоиши ҷашни Садаро ба Исфандиёр низ нисбат додаанд. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки пайдоиши ҷашни Садаро ба Ҳушанг, Фаридун, Исфандиёр, Гуштосп, Ардашери Бобакон ва дигарон низ нисбат медиҳанд.
 

Бо вуҷуди ин ҳама ривоятҳои мухталиф Абурайҳон Берунӣ дар китоби «Ат-тафҳим»-и худ Сада ном гирифтани ин ҷашнро ба он маъно медонад, ки форсиёни қадим 50 шабу 50 рӯз пеш аз Наврӯз онро ҷашн мегирифтанд. Онҳо рӯз ва шабро алоҳида ҳисоб мекарданд. Аз ин рӯ, истилоҳи «сада» баргирифта аз адади 100 мебошад, ки ҷамъи 50 шабу 50 рӯз мебошад.
 

Ардашери Озаргушасп дар китоби «Маросими мазҳабӣ ва одоби зардуштиён» низ гуфтаҳои болоро тақвият бахшида, аз ҷумла овардааст: «Сада аз вожаи сад омадааст ва ҳамон тавр, ки ҳафта ба маънои ҳафт рӯз ва чилла ба маънои чиҳил рӯз, даҳа ба маънои даҳу панҷа ба маънои панҷ рӯз аст. Ва ҳамчунин, ангуштони дасту пойро панҷа мегӯянд ва ҳазора ба маънои ҳазор сол аст, сада ҳам ба маънои сад рӯз аст».
 

Дар бораи баргузории вақти таҷлили Сада аксарияти маъхазҳои таърихӣ ва муаррихон як вақтро таъкид намудаанд. Бино ба таъкиди аксарияти маъхазҳои таърихӣ ҷашни Сада дар рӯзи 10-уми баҳманмоҳ қайд карда мешавад, ки он ба рӯзи 30-юми моҳи январ рост меояд. Ба навиштаи Абурайҳон Берунӣ аз рӯзи 10-уми баҳманмоҳ то Наврӯз 50 шабонарӯз боқӣ мемонад.
 

Ниёгони мо ҷашни Садаро ба хотири 40-рӯзагии Офтоб, яъне 10-уми баҳманмоҳ (анҷоми чиллаи калон) қайд мекарданд. Ин ҷашн ба хотири он буд, ки ба Офтоби чилрӯза осеб нарасад ва бештар ба ҳаёт нуру гармӣ ато кунад.
 

Дар асотири қадимаи ниёгони мо чунин фаҳмише вуҷуд дошт, ки гӯё дар миёни моҳҳои дай ва баҳман (декабру январ) қувваҳои аҳриманӣ хуруҷ карда, сармои зиёдеро тавлид мекунанд. Офтобро аз рӯзи таваллуд (1-уми даймоҳ – 21 декабр) гӯё дар ғоре пинҳон менамоянд, то аз неруҳои аҳриманӣ эмин бимонад ва дар чилрӯзагӣ зоҳир мешавад, яъне тулуъ мекунад. Дар ин рӯз гулхан афрӯхта мешуд, то ба ин васила ба гармии Офтоб гармӣ зам намуда, ба ӯ қувваи дубора бахшанд, то минбаъд мағлуб нашавад. Офтоб чун оташ ҳанӯз қабл аз дини зардуштия низ мавриди эҳтироми гузаштагони мо қарор дошт. Ҷашни Сада оғози чиллаи хурд буда, дарак аз Наврӯзи хуҷастапай медиҳад. Тавре, ки Фаррухии Систонӣ мегӯяд:

Сада омад, ки туро мужда диҳад  аз Наврӯз,
Мужда бипзиру бидеҳ хилъату кораш ба тироз.

Раҷабалӣ Худоёрзода,
номзади илмҳои филологӣ