АФЗОИШИ КИШТИ КАРТОШКА ТАЛАБОТИ ЗАМОН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Зиёд гардонидании истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ яке аз масоили мубрам буда, дар ин самт роҳбарияти кишвар ва ҳам вилоят ба таври ҳамешагӣ ҷиҳати самаранок истифодабарии обу заминҳои корам, ҷории технологияҳои инноватсионӣ ва агротехникаи пешрафтаро ба таври доимӣ ба масъулини соҳаву кишоварзон талқин менамоянд.

Дар ин раванд сол аз сол ба рушди соҳоти мухталиф, аз ҷумла кишоварзӣ, бунёду азнавсозии инфрасохтори обрасонӣ, азхудкунии заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, таъминоти соҳаи кишоварзӣ бо техникаи зарурӣ, тухмиҳои аълосифат ва дастрасии субъектҳои хоҷагидор маблағгузории даҳҳо лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ мешаванд.

Бо ҳамин мақсад бо ишитроки муовинони раиси ноҳия ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молия” дар майдони 1 гектар кишти картошка гузаронида шуда, ҳамзамон бо нуриҳои минераллӣ коркард карда шуд. Бояд қайд намуд, ки бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молия” Чилазода Азамҷон ҳамасола дар беш аз 1 гектар замини хоҷагидорӣ кишти картошка гузаронида шуда, саҳми арзандаи худро дар иҷрои нақшаи дурнамои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мегузоранд.