ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ БАНДҲОИ ПАЁМ БА ХОНАНДАГОН ВА ОМӮЗГОРОНИ МАКТАБҲОИ МАҲАЛ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида, Комилова Гулбутта ва Илҳом Насриддинов ҷиҳати шарҳу тавзеҳи бандҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва суҳбат дар мавзӯи гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои мамнӯъ ва тундгаро дар маҳаллаи Сомониён ҷамоати деҳоти Саидқул Турдиев бо хонандагони муассисаҳои таълимии рақами 9 ва 27-и ҷамоат суҳбату вохӯриҳо анҷом доданд.

      Зимни суҳбати ошкоро масъулини Кумитаи иҷроия дар бораи бандҳои Паём маърӯза намуда, хонандагонро ба ҳарчӣ зиёд омӯхтани илми муосир ва азбар кардани донишҳои равияи улуми дақиқ ҳидоят намуданд. Дар фарҷоми суҳбати имрӯз намешавад, ки аз ғамхориҳои шабонарӯзӣ ва пайвастаи давлату ҳукумат хосса роҳбарияти Олии он нисбат ба ҷавонон ёдоварӣ накард: ташкил намудани озмунҳои ҷумҳуриявӣ, таваҷҷӯҳи хоси сарвари давлат ба соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, маоши хизматӣ муҳайё кардани шароити мусоид таълиму тарбия дар муасиссаҳои таълимӣ қайд намуданд масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ. Мо ҷавононро мебояд, ки ҷавобан ба ин қадар ғамхориҳо танҳо ва танҳо касбу ҳунар ва илм омӯхта оянда ба ин Ватану давлати худ содиқона хидмат намоем.

   Шуъбаи иттилоот ва таблиғот