ХИЗМАТИ МОДАР-ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад.
Дар самти ҷалби ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, алалхусус раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Қосимӣ Назокат Шералӣ дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ сафи ҷавонони ихтиёри афзудааст.
Коромандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар ноњияи Абдурањмони Ҷомӣ тасмим гирифтанд, ки дар асоси ташаббуси ҳизбии « Сарбози ихтиёрӣ» сараввал наздикони худро ҷалб созанд. Ин аст, ки Бобоалиев Хуршед бародари собиқ корманди Кумитаи иҷроия бо хоҳиши худ дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дастгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ташриф оварда, ҳамчун сарбози ихтиёрӣ ба қайд гирифта шуд. Дар рафти вохӯрӣ раиси Комиҷроияи ноҳиявӣ ба ҷавонписар ҷиҳати ин иқдоми наҷибаш сипосгузорӣ намуда, қайд намуд, ки дӯст доштани Ватан, ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти диёр вазифаи муҳим ва қарзи шаҳрвандии ҳар як шаҳрванди бонангу номуси мамлакат ба ҳисоб меравад.
Зикр карда шуд, ки ҷавононе, ки бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ мераванд, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастгирии амиқ меёбанд.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки Тоҷикистони соҳибистиклоли мо бо ҷавонони боору номусаш ва бо далерони шуҷоаш беш аз пеш ободтару шукуфонтар мегардад.
Маврид ба зикри хос аст, ки сафи ҷавонони ихтиёран ба Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамроҳшаванда сол аз сол зиёд мегардад ва ин нишони баланд гардидани ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллии насли ҷавон мебошад.
Ҷавонони мо дар сафҳои Артиши миллӣ сарбаландона хизмати Модар – Ватанро иҷро карда, бо матонату шуҷоати худ собит менамоянд, ки ҳифзи марзу буми аҷдодӣ қарзи фарзандии онҳост.
Имрӯз мардуми мо нафаси осуда мекашанд ва бо эътимоди комил, дилҳои пур аз умед, орзуҳои наҷиб ба сӯи фардои дурахшони хеш собитқадамона роҳ мепаймоянд.
Сад шукр, ки миллати соҳибтамаддуни тоҷик ин ҳама пастиву баландиҳои рӯзгорро паси сар намуд ва имрӯз бо роҳбарии Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайи ободкориву созандагист.