САНГФАРШКУНИ ДАР МАҲАЛ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Як қатор корҳои ободони ва созандагӣ бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати тоза пайдо намудааст. Аз он ҷумла бо дастгирии бевоситаи Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли ҷорӣ роҳӣ мошингузари деҳаи Кӯҳдоман, ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила мумфарш ва сангфарш карда шуда истодаанд. Инак бо иқдоми навбати сокинони деҳаи Кӯҳдоман роҳи мошингузари  деҳаи мазкур сангфарш намудаанд. Корҳои ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкори бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат ёфта, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи ҳар як шаҳрванди мамлакат барои ободии хонаи худ, деҳаи худ,  ноҳияи худ ва ватани худ  саҳми арзандаи худро мегузоранд.