КИШТИ КАРТОШКА ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ҶАМЪИЯТ-ДЕҲҚОН”

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ва раиси ташкилоти ибтидоии “Ҷамъият-деҳқон” Рақибов Киромиддин, санаи 17.01.2024 сол дар хоҷагиҳои деҳқонии “Алиҷон”,“Баракати Истиқлол”,“Амирбек” ва “Мустафо” ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Назаров ва аз ҷониби раисони хоҷагиҳои деҳқонии мазкур картошка кишт карда шуд. Инчунин масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус бо роҳбар ва саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ сӯҳбат доир намуда, оид ба истифодаи самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, кишти такрорӣ аз ҷумла кишти ғаладонагиҳо, захира намудани хӯрока, тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ ва пешгирии ифротгароӣ ва фаҳмонидани вазъи мураккаби ҷаҳон, инчунин вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид.