“ОБОДИИ ДИЁР МАРОМИ МОСТ” ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади ободу зебо гардонидани атрофи корхонаву муассисаҳо ва анҷом додани корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ба ин васила сарзабзу хуррам гардонидани ҳар гушаи диёр, дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии "ФАРҲАНГ"  барои тозаю зебо гардонидани гирду атрофи корхона аксия таҳти унвони “Ободии диёр мароми мост!” баргузор карда шуд. Иштирокдорон заминҳои атрофи назди корхонаи худро тоза ва нарм намуда, гулҳои ороишӣ ва ниҳолҳои ҳамешасабз шинониданд.