ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “АЛОВУДДИН”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи кории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо мақсади омӯзиши самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарҳу тавзеҳи он миёни аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Аловуддин” бо иштироки мудири шуъбаи таблиғотӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Мирзоев Толиб ҷамомад баргузор карда шуд.  Дар баромади Мирзоев Толиб гуфта шуд, ки  Президенти кишвар дар Паёми худ оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат аз он ҷумла илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Мо сокинон ва фаъоли ноҳия шукрона аз давлати биҳиштосоямон намуда, Паёми навбатиро сармашқи кори хеш карда аз паи ислоҳи камбудиҳо, ободонию гӯлгӯлшукуфоии Тоҷикистони офтобиамон мешавем. Нигоҳи дигари Пешвои миллат ба озмуну олимпиадаҳои вилоятию, ҷумҳуриявӣ оид ба илмҳои табиатшиносию дақиқ, риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор намуда ғолибон ҳавасманд карда шаванд, манфиатоваре буд. Барои пос доштани забони шеваю тоҷиконаи хеш мо маорифчиёнро зарур меояд, ки забони хешро чун модар-ватан дӯст дорем ва онро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.