ИДОМАИ МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №3-И НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Шинонидани дарахт, нигоҳубин ва парвариши он чун анъана ва суннати нек пазируфта шуда, кори савоб ва дар ин баробар амали барои табиат фоидаовар маҳсуб мешавад. Дар шароити тағйирёбии иқлим барои нигоҳ доштани мувозинати табиат шинонидани дарахтон амри зарурӣ дониста мешавад.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи парвариши дарахтон, бунёди боғҳо ва сарсабзу хуррам гардонидани ҳар як гӯшаи кишвар таваҷҷуҳ намуданд ва ба сохторҳои дахлдор ҷиҳати ташкили маъракаи ниҳолшинонӣ дастур доданд. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ва бо ташаббуси бевоситаи роҳбарияти муассисаи таълимии №3-и ноҳияи Восеъ ва омӯзгорону кормандони муассисаи мазкур маъракаи ниҳолшинонӣ ҳафтаи сипаригашта баргузор гардида буд ва санаи 20.01.2024 ин маъракаи хуррамгардонӣ идома ёфт. Бо баргузор гардидани ҳашари дастаҷамъонаи сарсабзу хуррамгардонӣ муассиса боз ҳам хурраму сарсабз ва зебо гардид.