ҲАФТАИ САЙИДОИ НАСАФӢ ДАР МТМУ №51

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и ноҳияи Муъминобод ҳафтаи шоири шинохтаи тоҷик Сайидои Насафӣ доир гардид. Дар чорабинии мазкур хонандагон ва омӯзгорон  фаъолона иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни чорабинии мазкур аз  ҷониби баромадкунандагон қайд гардид, ки Сайидо Насафӣ бузургтарин шоири асри XVII ва ибтидои асри ХVIII -и тоҷик аст. Соли таваллудаш маълум нест. Аҷдоди ӯ аз Насаф (Қаршӣ) буда, вале худаш дар Бухоро дар оилаи ҳунарманди камбизоат ба дунё омадааст. Зиндагии Сайидо Насафӣ дар айёми ҷавонӣ ниҳоят душвор ва пурмашаққат гузаштааст. Вай дар Бухоро ба таҳсил шурӯъ карда, дар яке аз ҳуҷраҳои мадрасаи Лаби Ҳавзи Нодир Девонбегӣ маскан гирифта, то охири умр дар он ҷо зиндагӣ кард. Ҳангоми таҳсил ба омӯзиши илмҳои фалсафа, ахлоқ, мусиқӣ, бадеъ машғул шудааст.

Дар фарҷом бо қироати шеърҳои Сайидои Насафӣ аз ҷониби хонандагон чорабинии мазкур хотима ёфт

Дар дили мо гар намеоӣ, ба чашми мо биё.

Аз муҳит андеша дорӣ, бар лаби дарё биё.

Хок бар чашмам занад наззора ҳамчун гирдбод,

Эй насими пираҳан, аз домани саҳро биё.

Аз тапидан рехт зери дом болу пар маро,

Бар сари сайди худ, эй сайёди бепарво, биё.

Синаро чун лола аз доғат чароғон кардаам,

Дар чаман баҳри тамошо, эй гули раъно, биё

Рӯзгоре шуд, ки чашми Сайидо маъвои туст,

Офтобе дар мақоми худ биё, танҳо биё