ТОЗА НАМУДАНИ ЗАҲКАШҲО АЗ ҶОНИБИ ХОҶАГИДОРОН

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади паст кардани обҳои зеризаминӣ, пешгирӣ намудани шӯршавии заминҳо ва ба ин восита баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, дар ноҳияи Дӯстӣ, марҳила ба марҳила заҳбуру заҳкашҳо тоза карда мешаванд.

  Бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии шаҳраки "20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон" Абдуллоев Раҷаббек ва бо саҳми аъзоёни ҲХДТ, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии деҳаи Олимободи ҷамоати мазкур заҳкашу заҳбурҳои байни деҳаи Олимобод, ки зиёда аз 1 км мебошад бо истифодаи техникаи пуриқтидор тоза карда шуд.
  Ин амал барои паст гардидани обҳои зеризаминӣ мусоидат намуда боис бо он мегардад, ки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ самаранок истифода шуда ҳосили баланд ба даст оварда шавад.