РАҲМОНҶОН: “КАЛИДИ МУВАФФАҚИЯТҲОИ МАН КИТОБ АСТ”

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Озмуни панҷуми ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки  монанди ҳама ташаб-бусҳои неки дигар бо ибтикор ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар рӯйи кор омадааст, ҷамъбаст гардид. Мо шоҳиди онем, ки давоми панҷ сол ин озмун ҳар сол бошукуҳтару ҷолибтару мутантан аз соли пешин мегузарад ва ин далели мавриди таваҷҷуҳи баланди ҳам иштирокчиён ва ҳам ташкилкунандагон, бахусус таваҷҷуҳ ва ғамхории хосаи Ҳукумати мамлакат қарор гирифтани он мебошад.

Фараҳбахш аст, ки имсол дар даври ниҳоии ин озмуни бонуфуз 7 довталаб аз шаҳри Бохтар ғолиб омада (як нафар ғолиби ҷойи дуюм ва шаш нафар сазовори ҷойи сеюм), бо Диплом ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
 

Раҳмонҷон Маъмурзода, хонандаи синфи 11-и Литсейи давлатии “Ориёно”-и шаҳри Бохтар, шарафи шаҳри Бохтарро дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҳимоя карда, дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик сазовори ҷойи дуюм гардид.
Раҳмонҷон шод аз он аст, ки ниҳоят дарахти орзуяш сабзид. Ин орзуи  ғолибият дар даври ҷумҳуриявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” буд. Дар доираи омодагӣ ба озмун Раҳмонҷон беш аз 250 асари насрӣ, зиёда аз ҳафт ҳазор мисраъ шеъру ғазал, рӯбоиву дубайтӣ, достонҳои назмиро аз бар карда, маҳорати суханвариашро сайқал дод.

 

Аз хурдсолӣ ба мутолиаи китоб шавқи беандоза дошт. Ҳамеша аз волидонаш хоҳиш мекард, ки барояш китобҳои нав оваранд. Бисёр мехонд, суол мекард, меомӯхт, оид ба қаҳрамонҳо ва сюжаи асарҳо бо омӯзгорону ҳамсолони китобхонаш баҳс меорост.

Фурӯғи коинот аз офтоб аст,
Фурӯғи одамият аз китоб аст.

- Дар ҳақиқат, китоб калиди хазинаи илму маърифат аст, - мегӯяд Раҳмонҷон. - Мо ҳаётро бе дониш тасаввур карда наметавонем, чунки он аз китоб сарчашма мегирад. Китоб барои мо дӯсти бовафо, маслиҳатгари беминнат, рафиқи беғараз ва сарвати бебаҳост. “Бе китоб илм нест”, - гуфтаанд бузургон, ки ҳақ асту рост. Одам саводу маърифатро аз китоб мегирад. Китоб аст, ки инсон метавонад некро аз бад, равшаниро аз зулмот фарқ кунад, ҷаҳонбинияш васеъ шавад. Бо мутолиаи китоб дарк намудам, ки шахси китобхон ҳеҷ гоҳ танҳоиро ҳис намекунад. Китобхонию китобдӯстӣ мартабаи шахсро баланд мебардорад. Китоб сармояи хирад, сарвати бебаҳо ва кони ганҷу маърифат аст.
 

Раҳмонҷон Маъмурзода 22 марти соли 2007 дар шаҳри Бохтар чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Волидонаш, ки аз аҳли зиё мебошанд, пайваста барои рушди зеҳнии ӯ мекӯшанд. Саҳми модаркалонаш дар тарбияи ӯ басо калон аст. Ин аст, ки дар шашсолагиаш аллакай ҳарфу рақамҳоро мешинохт, ҳиҷо-ҳиҷо китобҳои афсонаро мутолиа мекард. Соли 2013 ба остонаи мактаб қадам ниҳод. Ҳанӯз дар синфҳои ибтидоӣ иштирокчии фаъоли озмунҳои шаҳрию вилоятии “Донояк” буд ва пайваста бо диплому ифтихорномаҳо сарфароз мегардид.
 

Ғолиби чандкаратаи озмуни вилоятии “Хонандаи сол”, соҳибҷоизаи Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон, барандаи медалҳои нуқра ва биринҷии даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ мебошад. Чор соли охир аз олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ бидуни ба даст овардани медал ба литсей барнамегардад.
 

Аз соли 2021 инҷониб барандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Вақте аз Раҳмонҷон пурсидам, ки аз мутолиаи китобҳо чӣ бардоште дорад, чунин ҷавоб дод: “Масалан, аз “Мактаби куҳна” ва “Ёддоштҳо” на танҳо бо тарҷумаи ҳоли устод Садриддин Айнӣ шинос шудам, балки доир бо ҳаёти халқи тоҷик дар асрҳои XIX-XX, қафомондагии иқтисодӣ ва ҳоли бади халқ, тақдири фоҷиавии равшанфикрону бузургон ва аҳли адаб хабардор гардидам. Аз драмаи “Ҷавонии ибни Сино”-и устод Сотим Улуғзода бо лаҳзаҳои ҷолиби замони ҷавонии мутафаккири барҷастаи халқи тоҷик Ҳаким Ибни Сино шинос гардидам. Романи “Восеъ” ба қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ бахшида шудааст, ки ӯ бар зидди зулми бекҳои Балҷувон шӯриш бардошта буд. Муаллиф вазъияти он солҳоро тасвир карда, як қатор образҳои фаромӯшнашаванда, аз ҷумла Восеъ ва дӯсти ӯ Назирро офаридааст. Дар романи “Се рӯзи як баҳор” нависанда Саттор Турсун муборизаи синфиро бо воқеъбинии равшан чунон моҳирона тасвир кардааст, ки хонанда ҷонибҳои муқобил – фидоии олами инқилоб Анвар ва сарвари дастаи мухолифон Усмон Азизро як хел дӯст медорад, ба онҳо дилаш сӯхта, аз тақдири талхи эшон ба риққат меояд”.

 

Ҳамин тавр, Раҳмонҷон аз мутолиаи “Девон”-и Гулрухсор фаҳмид, ки Истиқлол – ин иззат доштан, дар замини шуҳрати озодагон тухми муҳаббату садоқат коштан аст. Донист, ки Шоҳнома Ватан асту Тоҷик миллати сарбаланд! Аз Лоиқ эҳтиром ба модар, аз Бозор Собир донистани қадри ҳар санги Ватан, аз Муъмин Қаноат манзалати забони модарӣ, аз Мирсаид Миршакар чӣ арзиш доштани зодгоҳ, аз “Ҳасани аробакаш”-и Мирзо Турсунзода кӯшишу талош барои ба мақсад расидан, аз “Марги судхӯр”-и Садриддин Айнӣ қаноатмандӣ ва хайрандеширо омӯхт. “Ҳар қадар бисёр мутолиа намоем, ба мисли Асаду Самади асари Шукӯҳӣ бачаҳои доною зирак, ба мисли Гулнор - қаҳрамони асари Фотеҳ Ниёзӣ мутахассиси хуб, ба монанди қаҳрамони халқи тоҷик – Темурмалик ҷасуру бебок мешавем”, - афзуд ӯ.
 

Раҳмонҷон Маъмурзода дар баробари ишқу рағбат ба адабиёт, ҳамчунин дилбастаи фанҳои табиӣ-риёзӣ мебошад. Ӯ азм дорад, ки таҳсилро бо баҳои аъло ва медали тилло ба охир расонида, дар оянда неруи худро дар илмҳои табиӣ-риёзӣ бисанҷад.
 

- Ҳар комёбие, ки ноил гардидам, аз мутолиаи китоб, дастгирии волидон ва устодони худ медонам, - таъкид намуд Раҳмонҷон. - Пешвои муаззами миллат китобро “сутуни илмҳои дунё” номидаанд. Аз ин рӯ, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипоси бепоён мекунам, ба хотири таъсиси озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”. Ин озмун ба мо - наврасону ҷавонон имкон фароҳам овард, ки дониши худро сайқал диҳем, худро муаррифӣ намоем ва ҳушманду бофазилат гардем.
 

Ҳамаи ин муваффақияти Раҳмонҷон   Маъмурзода   мояиифтихори аҳли маорифи шаҳри Бохтар буда, барои тарбияи дурусту саривақтии дигар муҳассилин дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихор аз арзишҳои миллии тоҷикӣ ҳисса мегузорад.

Шаҳодат ХОЛОВА,
шаҳри Бохтар